ЗИНДАГӢ !

/ЗИНДАГӢ/ Зиндагиро баҳри худ бозори ишватҳо макун, Дардвору дардбиёри хонадони худ макун . Кулбае сохти барои пайроҳаҳои зиндагӣ, Дохили чоҳе гузошта хокпушонаш макун. Зиндагиро бо ҳавасҳои бевафоёни ҷаҳон, Мисли тобути чӯбин мехкубонаш макун. Рафти эй мард аз барам зиндагиро хуш кун, Дилро бо дилдор бубанд оташро хомӯш кун. Куҳсори кулбаи ишқ зиндагони нӯш кунад, Меҳрубони ошиқонро зиндаги оғуш кунад. Эй Назирӣ эъҷодат рӯйи қоғаз ҷо бикун, Нуқтаи ҳарфи дилатро хандаи лабҳо макун. Ин ки мардони ҷаҳон ташнаи шеъри туянд, Офтоби шулафканро қасоид бар ҷон макун. Насимҷон Назирӣ
В начало